Савол № 01785
Дар рӯзи ҷумъа додани садақа пеш аз намози ҷумъа савоби бисёр дорад ё баъд аз намоз? Агар ягон ҳадис ё ривоят оиди ин масъала меовардед, хуб мешуд.
Савол:
Ассалому алайкум. Дар рӯзи ҷумъа додани садақа пеш аз намози ҷумъа савоби бисёр дорад ё баъд аз намоз? Агар ягон ҳадис ё ривоят оиди ин масъала меовардед, хуб мешуд.
Саволдиҳанда: Мубинҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, садақаи нофила вақти муайян надорад, додани он пеш аз ҷумъа ё пас аз он баробар аст, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Дасти боло (дасте, ки садақа медиҳад), беҳтар аст аз дасти поин (дасте, ки садақа мегирад), аз касе оғоз кун, ки нафақааш бар дӯши туст ва беҳтарин садақа он аст, ки он аз рӯи сарват ва ғино бошад, (яъне баъд аз садақа додан ба миқдори кофии мол бар афроди хонаводааш боқӣ бимонад), он ки иффат биҷӯяд (яъне аз Худо талаби дурӣ аз ҳаром намояд), Худо ӯро афиф нигаҳ медорад ва касе, ки истиғно кунад (қаноат варзад), Худованд ӯро ғанӣ месозад”. (Ривояти Бухорӣ) Расули Худо (с) боз фармудаанд: “Аз дӯзах худро ҳифз кунед, ҳарчанд ба ним донаи хурмо бошад ва касе, ки онро наёбад, пас ба сухани некӯ худро аз дӯзах нигоҳ дорад”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)