Савол № 01813

амсари ман ҳомила аст ва рўза медорад. Лекин баъд аз намози пешин тамоман беҳаракат мешавад. Агар дигар рўза надорад, баъд аз фориғ шудан аз ҳамл чанд рўз рўза медорад? Ў аллакай нияти рўза доштан дорад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ҳамсари ман ҳомила аст ва рўза медорад. Лекин баъд аз намози пешин тамоман беҳаракат мешавад. Агар дигар рўза надорад, баъд аз фориғ шудан аз ҳамл чанд рўз рўза медорад? Ў аллакай нияти рўза доштан дорад.

 Саволдиҳанда: Сабзалӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳӣ барои зани ҳомила хўрдани рўза иҷозат аст, вақте ки ҳамлашро таваллуд кард ва аз нифос пок шуд, чанд рўзе, ки рўза нагирифтааст, дар замони муносиб қазои он рўзҳоро ба ҷо меоварад. Шунидани тавсияи табиб низ дар ин ҳолат лозим аст.

2018-06-01
3521
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38