Савол № 01816

Чӣ тавр намози таровеҳро аз аввал то охир дуруст хонд? Намози таровеҳро танҳо хондан ҷоиз ҳаст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Чӣ тавр намози таровеҳро аз аввал то охир дуруст хонд? Намози таровеҳро танҳо хондан ҷоиз ҳаст ё на?

Саволдиҳанда: Тоҳир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ бист ракъат аст ва он пас аз намози хуфтан ду ракъат-ду ракъат гузорида мешавад. Пас аз гузоридани ҳар чаҳор ракъат каме истироҳат карда тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад. Танҳо гузоридани намози таровеҳ ҷоиз низ аст, зеро ҷамоати он суннати кифоя мебошад, вале адои он бо ҷамоат савоби бештар дорад.

2018-06-05
3517
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38