Савол № 01818
Ҳамсар метавонад дар ҳолати ҳайз буданаш бо дасташ шавҳарашро ором кунад ё ин ки метавонад олати худро дар дигар ҷои зан, яъне ба ғайри махраҷаш фақат дар атрофи дубураш молад, дар ҳолате ки илоҷ надорад ё ин ки шавҳар дар куҷои зан метавонад худро ором кунад?
Савол:
Ассалому алайкум домулло. Ҳамсар метавонад дар ҳолати ҳайз буданаш бо дасташ шавҳарашро ором кунад ё ин ки метавонад олати худро дар дигар ҷои зан, яъне ба ғайри махраҷаш фақат дар атрофи дубураш молад, дар ҳолате ки илоҷ надорад ё ин ки шавҳар дар куҷои зан метавонад худро ором кунад? Бубахшед домулло агар саволи нороҳаткунанда дода бошам. Дар ҳаққи мо ҷавонони ғариб дуо кунед.
Саволдиҳанда:Суҳроб
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати ҳайзи зан ҳамхоба шудан бо ў мамнуъ аст, аммо муошират ва оғўш гирифтани ў ҷоиз аст. Шумо се-чор рўзи дигар сабр кунед, зеро Худо сабркунандагонро дўст медорад ва баракат медиҳад. Аз паси нафсу шаҳват наравед, ки ноком мешавед. Худованд шуморо дар ҳифзу амонаш нигоҳ дорад ва бароятон комёбӣ ато фармояд.