Савол № 01819

Ман маблағи закот дорам, аммо онро ба нияти хона харидан ҷамъ карда истодаам. Айни ҳол ман оиладор ва соҳиби ду фарзанд ҳастам ва дар хонаи падару модар сукунат дорам. Оё ба ман закот додан воҷиб аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум устодон. Ман маблағи закот дорам, аммо онро ба нияти хона харидан ҷамъ карда истодаам. Айни ҳол ман оиладор ва соҳиби ду фарзанд ҳастам ва дар хонаи падару модар сукунат дорам. Оё ба ман закот додан воҷиб аст ё на?

Саволдиҳанда: Фаррух

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар маблағи ҷамъкардаи шумо ба нисоби закот расида ва як сол аз он сипарӣ шуда бошад, дар ин сурат бар шумо закот фарз мегардад, агарчи онро ба нияти харидани хона ҷамъ кардаед. Адои закот сабаби нузули хайру баракат дар хонаи шумо мегардад. (“Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 1, с. 563)

2018-06-05
4012
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42