Савол № 01858
Дар вақти рўзадор будан фишори хун паст мешавад, дар ин ҳолат рўзаро хўрдан мумкин аст ё на?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар вақти рўзадор будан фишори хун паст мешавад, дар ин ҳолат рўзаро хўрдан мумкин аст ё на?
Саволдиҳанда: Самандар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин ҳолат хўрдани рўза ҷоиз аст, зеро Худованд ба шахсони бемор иҷозат додааст, ки рўзаро хўрда, баъдан дар вақти муносиб қазои онро ба ҷо оваранд.
2018-06-14
3598