Савол № 01876

Маьнои калимаи нафл ва таҳаҷҷуд чист?

Савол:

Ассалому алайкум устоди азиз. Маьнои калимаи нафл ва таҳаҷҷуд чист?

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, калимаи нафл ба маънои зиёдат ва калимаи таҳаҷҷуд ба маънои бедор шудан аз хоб аст. Нафл намоз ё ибодате аст, ки илова ба ибодатҳои фарзу воҷиб ба ҷо оварда мешавад. Таҳаҷҷуд намози шабро мегўянд, ки пас аз бархостан аз хоб нимашаб ё дар охири шаб гузорида мешавад.

2018-07-06
5919
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:15
Пешин12:40
Аср15:22
Шом17:29
Хуфтан18:59