Савол № 01880
Худованд одамро аз хок ва ҳайвонро аз об офаридааст. Ҷинро аз чӣ офаридааст?
Савол:
Ассалому алайкум устод. Худованд одамро аз хок ва ҳайвонро аз об офаридааст. Ҷинро аз чӣ офаридааст?
Саволдиҳанда: Алишер
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд ҷинро аз оташ офаридааст, чунонки дар Қуръони карим омадааст: “Ва ҷинро аз забонаи оташ офарид”. (Сураи “Раҳмон”, ояти 15) Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Фариштагон аз нур офарида шудаанд, ҷин аз забонаи оташ ва Одам аз он чизе, ки ба шумо тавсиф шудааст”.