Савол № 01884
Ивазшавии рўз соати чанд воқеъ мешавад, дар вақти намози аср ё шом?
Савол:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ивазшавии рўз соати чанд воқеъ мешавад, дар вақти намози аср ё шом?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, наҳори шаръӣ аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст, наҳори урфӣ аз тулуъи офтоб то ғуруби он. Бинобар ин, пас аз нишастани офтоб шаби рўзи дигар маҳсуб мешавад.
2018-07-12
3492