Савол № 01889

Барои чӣ дар ҳолати нахондани намози витри воҷиб онро қазо медоранд? Пайдоиши намози витри воҷибро баён мекардед. Боқӣ дар ҳаққи банда дуогў бошед!

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Барои чӣ дар ҳолати нахондани намози витри воҷиб онро қазо медоранд? Пайдоиши намози витри воҷибро баён мекардед. Боқӣ дар ҳаққи банда дуогў бошед! 

Саволдиҳанда: Умед

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, намози витр дар назди имом Абўҳанифа (рҳ) воҷиб мебошад, аз ин рў, дар мазҳаби ҳанафӣ ин намоз ҳукми воҷибро дорад ва дар ҳолати гузаштани вақти он воҷиб аст, ки қазои он ба ҷо оварда шавад. Намози витр баъд аз фарз шудани намозҳои панҷгона машруъ шудааст, чунонки Расули Худо (с) ба асҳоби худ фармудаанд: “Худованд барои шумо намози дигаре афзуд ва он намози витр аст, пас онро дар фосилаи миёни намози хуфтан ва намози бомдод бигузоред”. (Ривояти Аҳмад, Ҳоким ва Табаронӣ) Худованд ба шумо илми нофеъ ва комёбӣ ато фармояд.

2018-07-19
4080
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38