Савол № 01894

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Чӣ корҳо боиси идора кардани нафс ва ғолиб омадан бар он мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Чӣ корҳо боиси идора кардани нафс ва ғолиб омадан бар он мешавад?

Саволдиҳанда: Эмомиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тарси Худо боиси идора кардани нафс ва ғолиб омадан бар он мешавад. Барои амалӣ шудани ин ҳадаф нахуст огоҳии комил доштан аз илми тазкияи нафс ва сипас амал кардан ба тавсияҳо ва дастурҳои он лозим аст. Шумо метавонед дар ин мавзўъ китоби “Кимиёи саодат”-и Имом Ғазолиро мутолиа кунед.   

2018-07-19
3914
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39