Савол № 01915
Агар мард бештар аз шаш моҳ вазифаи мардии худро анҷом надиҳад ва таъмини оиларо ба ҷо наорад, никоҳи онҳо побарҷост? Дар ҳоле ки мард тандурусту солим аст ва аз ҳисоби меҳнати зан мехўрад? Қаблан сипосгузорам.
Савол:
Ассалому алайкум устоди гиромӣ. Агар мард бештар аз шаш моҳ вазифаи мардии худро анҷом надиҳад ва таъмини оиларо ба ҷо наорад, никоҳи онҳо побарҷост? Дар ҳоле ки мард тандурусту солим аст ва аз ҳисоби меҳнати зан мехўрад? Қаблан сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Зебо
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар ин ҳолат никоҳи онҳо барқарор аст, вале шавҳар қасдан чунин рафтор кунад, сахт гунаҳгор мешавад, зеро воҷиботи илоҳиро тарк кардааст.