Савол № 01921

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ман дар бораи Мункар ва Накир ва саволҳои онҳо маълумот диҳед, то аз он огоҳ шавам.

Савол:

Ассалому алайкум. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ман дар бораи Мункар ва Накир ва саволҳои онҳо маълумот диҳед, то аз он огоҳ шавам. 

Саволдиҳанда: Аббос

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои суол ва пурсиши бандагон дар қабр ду фаришта вазифа доранд. Номи яке Мункар ва номи дигар Накир аст, ки ба маънои ноошно ва ношинос мебошанд. Онҳо аз майит се суол мекунанд, ки «Парвардигорат кист?», «Динат чист?» ва «Пайғамбарат кист?». Агар майит на дар гўристон, балки дар ҷои дигаре чун зери об ё шиками дарандае ҳам бошад, ин ду фаришта дар сари ў ҳозир мегарданд ва аз ў ин се суолро мепурсанд. Инҳо ҳама ҳақ асту рост ва шуданист. Дар «Саҳеҳ”-и Бухорӣ омада, ки азоби қабр ҳақ аст, зеро Расулуллоҳ (с) аз назди ду қабр гузашт ва гуфт: «Соҳибони ин ду қабрро азоб карда истодаанд”. Ояти 27-уми сураи “Иброҳим” низ ба маънои ин ҳадис далолат мекунад, ки дар он омадааст: «Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, Худо ҳамонро мекунад». Пайғамбарон, инчунин кўдакон ва шаҳидон аз суолу пурсиши қабр истисноанд, дигар ҳама пурсида хоханд шуд.

2018-08-31
3652
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39