Савол № 01922
Дар ҷое хонда будам, ки баъд аз ҳар намози фарз намози нафл мавҷуд аст. Илтимос баëн мекардед. Ташаккур.
Савол:
Дар ҷое хонда будам, ки баъд аз ҳар намози фарз намози нафл мавҷуд аст. Илтимос баëн мекардед. Ташаккур.
Саволдиҳанда: Ҳайитҷон
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар ҳар шабонарўз ба ғайр аз намозҳои фарз ва суннати муаккада боз намози суннати ғайри муаккада (нофила) вуҷуд дорад, агар касе ин намозҳоро ба ҷо оварад, савоби бузург насибаш хоҳад шуд. Аз ҷумла, чор ракъат қабл аз намози аср, чор ракъат қабл аз намози хуфтан ва чор ракъат баъд аз он.