Савол № 01925
Мехоҳам номи писарчаамро Оқилҷон монам. Лутфан маънои номи Оқилҷонро аз нигоҳи Ислом тафсир кунед. Оё гузоштани ин ном ҷоиз ҳаст ё на?
Савол:
Мехоҳам номи писарчаамро Оқилҷон монам. Лутфан маънои номи Оқилҷонро аз нигоҳи Ислом тафсир кунед. Оё гузоштани ин ном ҷоиз ҳаст ё на?
Саволдиҳанда: Фирдавс
Ҷавоб:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Оқилҷон аз ду ҷузъи “оқил” ва “ҷон” таркиб шудааст. Оқил ба маънои боақл, хирадманду доно ва “ҷон” маҷозан ба маънои азизу арҷманд меояд. Аз нигоҳи Ислом гузоштани ин ном дуруст аст.