Савол № 01929
Оиди худро бо даст ҳаром кардан маълумот медодед. Чӣ тавр халос шудан мумкин аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Оиди худро бо даст ҳаром кардан маълумот медодед. Чӣ тавр халос шудан мумкин аст?
Саволдиҳанда: Абўалӣ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом амали истимно гуноҳ маҳсуб мешавад, зеро Расули Худо (с) шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондаанд.Бояд аз ин амал тавбаву истиғфор кунад ва рў ба тақвову парҳезгорӣ оварда, рўза бидорад. Роҳи дурусти паст кардани шаҳват ва халос шудан аз ин амали номашруъ рўзаи нофила доштан аст. (“Ал-биноя”, ҷ. 3, с. 141)