Савол № 01947
Калимаи “фарз” аз “фариза” чӣ фарқ дорад? 2. Чанд ҳайвон дохили биҳишт мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум устод. 1. Калимаи “фарз” аз “фариза” чӣ фарқ дорад? 2. Чанд ҳайвон дохили биҳишт мешавад?
Саволдиҳанда: Насим
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, калимаҳои “фарз” ва “фариза” муродиф буда, ба маънои фармуда ва воҷибкардаи Худо меоянд. 2. Тибқи бархе ривоятҳо даҳ ҳайвони зерин дохили биҳишт мешаванд: Шутури Расули акрам (с), шутури ҳазрати Солеҳ (а), гўсолаи ҳазрати Иброҳим (а), гўсфанди ҳазрати Исмоил (а), гови ҳазрати Мўсо (а), моҳии ҳазрати Юнус (а), хари ҳазрати Узайр (а), мўрчаи ҳазрати Сулаймон (а), ҳудҳуди Билқис, саги асҳоби каҳф.