Савол № 01948
Доир ба фазилати рўзаи нафлӣ ва навъҳои он каме маълумот медодед. Дар ҳолати рўзаи нафлӣ доштан то соати чанд хўрдан мумкин аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Доир ба фазилати рўзаи нафлӣ ва навъҳои он каме маълумот медодед. Дар ҳолати рўзаи нафлӣ доштан то соати чанд хўрдан мумкин аст?
Саволдиҳанда: Наврўз
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Аз ҷумла рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рўзаи рўзи Арафа (9-уми Зулҳиҷҷа) ва Ошўро (10-уми Муҳаррам) савоб ва аҷри бештар дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Масалан, алҳол намози бомдод соати 06:00 гузорида мешавад, пас шумо метавонед, то соати 05:10 саҳархўрӣ карда, сипас нияти рўза кунед.