Савол № 01954

Вақте имом намози қавмро мехонад ва дар ин ҳолат таҳораташ мешиканад, бо кадом равиш аз намоз хориҷ мешавад ва муқтадиро чигуна огоҳ мекунад, ки намози қавмро давом диҳад?

Савол:

Ассалому алайкум. Вақте имом намози қавмро мехонад ва дар ин ҳолат таҳораташ мешиканад, бо кадом равиш аз намоз хориҷ мешавад ва муқтадиро чигуна огоҳ мекунад, ки намози қавмро давом диҳад?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, имом дар ҳолати шикастани таҳораташ бояд фавран яке аз муқтадиёнро, ки ба аҳкоми намоз огоҳии бештар дорад, ба ҷои худ гузошта, бо ангуштонаш бинияшро дошта барои анҷоми таҳорат хориҷ мешавад.  Агар дар қироат бошад, ба даҳон ва агар дар суҷуд бошад, ба пешонияш ишора мекунад. Барои тарки рукуъ дасташро болои зону, барои тарки саҷда дастро болои пешонӣ ва барои тарки қироат дастро боли даҳонаш мегузорад. Агар ояти саҷдаро хонда бошад, бо ангушташ ба даҳону пешонияш ва агар саҳве карда бошад, ба дилаш ишора мекунад. Агар як ракъат гузорида бошад, бо як ангушт ва агар ду ракъат гузорида бошад, бо ду ангушташ ишора мекунад. (“ҷомеъур-румуз”, с. 141)

2018-12-12
2568
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38