Савол № 01961

Оё мешавад, ки китоби Қуръонро ба арўс ҳамчун маҳр диҳем ва дар шаби якуми арўсӣ дар масҷид намоз гузорем? Оиди чигуна анҷом додани таяммум маълумот медодед.

Савол:

Оё мешавад, ки китоби Қуръонро ба арўс ҳамчун маҳр диҳем ва дар шаби якуми арўсӣ дар масҷид намоз гузорем? Оиди чигуна анҷом додани таяммум маълумот медодед.

Саволдиҳанда: Ҳайитбой

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар маҳри арўс Қуръон ҳадя кардан дуруст аст ва албатта гузоридани намоз дар масҷид кори савоб ва хайр аст. Тариқи ба ҷо овардани таяммум чунин аст: Аввал нияти таяммум карда, сипас бо гуфтани «Бисмиллоҳ» дастҳои худро як бор ба хок ва ё ба чизе, ки аз ҷинси хок бошад, зада, бо он рўи худро масҳ мекунад. Бори дувум низ дастҳои худро бар хок зада, аввал дасти рост ва баъдан дасти чапро масҳ мекунад. Ҳангоми таяммум кардан берун кардани соат, дастпона ва ангуштарин зарур буда, масҳ кардани ҷойи онҳо ва инчунин хилол кардани мобайни ангуштон лозим аст. Шахсе, ки барои ғусл ва ё вузў об пайдо карда натавонад ва ё ин ки ба сабаби истифодаи об бемории ў зиёд шавад ва ё монеаҳои ҷиддӣ ба монанди душман, ҳайвонҳои дарранда ва ғайра садди роҳ шаванд, метавонад ба чизҳое, ки аз ҷинси хок бошад, ният карда, таяммум намояд.

2018-12-13
2913
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38