Савол № 01975
Оё суханони шаҳвонӣ гуфтан ҷоиз аст?
Савол:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё суханони шаҳвонӣ гуфтан ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Диловар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шоистаи як инсони оқил ва хусусан фарди мусулмон нест, ки забони покашро бо ҳар гуна суханони қабеҳу шаҳвонӣ олуда созад. Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тақозо мекунад, ки ҳар фарди мусулмон бо дигарон бо забони нарму ширин ва суханони дилнишин муносибат кунад.