Савол № 01977

Ман як миқдор маблағ дар гардиши тиҷорат дорам, ки то моҳи Рамазони оянда аз як нисоб зиёдтар мешавад. Алҳол дар дастам пули нақд надорам. Аз ин маблағи дар тиҷорат буда чигуна закот бояд диҳам?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ман як миқдор маблағ дар гардиши тиҷорат дорам, ки то моҳи Рамазони оянда аз як нисоб зиёдтар мешавад. Алҳол дар дастам пули нақд надорам. Аз ин маблағи дар тиҷорат буда чигуна закот бояд диҳам?

Саволдиҳанда:Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, мувофиқи қарори Шўрои уламо нисоби закот ба 22950 сомонӣ баробар аст, ки аз ин миқдор 575 сомонӣ закот бояд пардохт шавад. Агар арзиши моле, ки шумо дар тиҷорат доред, ба миқдори нисоб баробар бошад, пас аз гузашти як сол закоти онро мепардозед. Агар арзиши он аз миқдори нисоб бештар бошад, дар ин ҳолат маҷмуъи онро ба адади 40 тақсим мекунед ва ҳосили тақсимро ҳамчун закот мепардозед. Масалан агар арзиши молҳои тиҷоратии шумо ба 35000 сомонӣ баробар бошад, миқдори закоти он пас аз тақсим 875 сомонӣ мешавад, ки бояд онро пардохт кунед. Дар вақти ҳисоб кардани молҳои тиҷоратӣ арзиши фурўши мол ба эътибор гирифта мешавад, на арзи хариди он. 

2018-12-21
3526
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42