Савол № 01990

Оё намози бомдодро то намози пешин хондан мумкин аст?

Савол:

Оё намози бомдодро то намози пешин хондан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ҳар намозе вақти муайян дорад, ки дар ҳамон вақт бояд гузорида шавад. Вақти намози бомдод аз субҳи содиқ то қабл аз тулуъи офтоб аст, агар офтоб тулуъ кард, намози бомдод қазо мешавад. Агар ба сабабе намози бомдод қазо шавад, фарзу суннати он то вақти пешин қазо дошта мешавад, агар дар ин вақт қазои онро ба ҷо наоварда бошад, пас аз пешин фақат фарзи онро қазо медорад.

2019-01-07
3774
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38