Савол № 01998
Ду моҳ мешавад, ки оиладор шудаам, аммо ҳамсарам ҳомила нашуда истодааст. Хоҳиш мекунам, ки ба ман ягон посух диҳед.
Савол:
Ассалому алайкум. Ду моҳ мешавад, ки оиладор шудаам, аммо ҳамсарам ҳомила нашуда истодааст. Хоҳиш мекунам, ки ба ман ягон посух диҳед.
Саволдиҳанда: Бахтовар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, фарзанд неъмати Худованд аст, кадом вақте ки хоста бошад, онро ба бандааш ато мефармояд. Аз издивоҷи шумо вақти бисёре нагузаштааст, аз ин рў, шитоб накунед ва ноумед ҳам нашавед. Пас аз ҳар намоз дар дуоҳоятон аз Худованд фарзанди солеҳ талаб кунед, иншоаллоҳ мақсудатон ҳосил хоҳад шуд.