Савол № 02008
Ман донишҷў ҳастам ва аз сабаби муҷаррад будан худро идора карда наметавонам. Оё дуруст аст, ки шаҳвати худро бо даст таскин диҳам?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман донишҷў ҳастам ва аз сабаби муҷаррад будан худро идора карда наметавонам. Оё дуруст аст, ки шаҳвати худро бо даст таскин диҳам?
Саволдиҳанда: Шамсиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом амали истимно (бо даст таскин додани шаҳват) гуноҳ маҳсуб мешавад, зеро Расули Худо (с) шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондааст. Роҳи дурусти паст кардани шаҳват рўзаи нофила доштан аст. (“Ал-биноя”, ҷ. 3, с. 141)