Савол № 02020
Ассалому алайкум. Оё писар метавонад, ки пинҳонӣ аз падару модараш бо духтаре никоҳ кунад?
Савол:
Ассалому алайкум. Оё писар метавонад, ки пинҳонӣ аз падару модараш бо духтаре никоҳ кунад?
Саволдиҳанда: Аҳмадҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агарчи тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе иҷозати волидайн никоҳ дуруст мешавад, вале иҷозати волидайн барои издивоҷ амри зарурӣ мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки он ҷавононе, ки бе ризояти волидайн издивоҷ мекунанд, зиндагии бобаракат намебинанд ва оқибат пушаймон мегарданд. Бинобар ин, хидмати волидайнро қадр бояд кард ва дар ҳама корҳои зиндагӣ иҷозат ва дуои неки онҳоро бояд гирифт.