Савол № 00203

Чунин шунидам, ки нақши мазҳаб танҳо барои омиён аст, агар касе толибилм бошад, ба чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат амал кунад, ҷоиз аст. Оё ин дуруст аст?

Савол:

Салом алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Чунин шунидам, ки нақши мазҳаб танҳо барои омиён аст, агар касе толибилм бошад, ба чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат амал кунад, ҷоиз аст. Оё ин дуруст аст?

Саволдиҳанда:Иззатулло.

Ҷавоб:

Пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аъзам (р) барои олим ва толибилм ҳатмӣ ва зарурист, хоссатан барои мусалмонони кишвари мо. Ин яккамазҳабӣ кафили амнияти кишвари мо ва ҷомеа аст. Касоне, ки аз чор мазҳаб пайравӣ мекунанд, дигар онҳо муқаллид (пайрави мазҳаб) набуда, балки пайрави ҳавою ҳавасанд.

2015-08-29
4647
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43