Савол № 02031
Зиёда аз даҳ сол пеш ман ба писархолаам қарз дода будам. Дар ин муддат ў қарзро барнагардонд ва дар ин бора чизе ҳам намегўяд. Якчанд сол пеш ўро ёдовар кардам. Ман хавф дорам, ки агар аз ў суол кунам, сабаби озурдагӣ байни хонаводаҳо мешавад. Оё ин маблағро барои закот ҳисоб кунам? Дар ин муддат шояд ман соҳибнисоб мешудам. Дар ин ҳолат чӣ тавсия медиҳед?
Савол:
Ассалому алайкум. Зиёда аз даҳ сол пеш ман ба писархолаам қарз дода будам. Дар ин муддат ў қарзро барнагардонд ва дар ин бора чизе ҳам намегўяд. Якчанд сол пеш ўро ёдовар кардам. Ман хавф дорам, ки агар аз ў суол кунам, сабаби озурдагӣ байни хонаводаҳо мешавад. Оё ин маблағро барои закот ҳисоб кунам? Дар ин муддат шояд ман соҳибнисоб мешудам. Дар ин ҳолат чӣ тавсия медиҳед?
Саволдиҳанда: Камолиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар умеди пас гардонидани қарзатон вуҷуд дошта бошад, ҷоиз аст, ки ин маблағи қарзро дар закот ҳисоб кунед.