Савол № 00204

Агар марде занашро се талоқ диҳад, оё метавонад ӯро боз аз нав дар никоҳи худ дарорад?

Савол:

Агар марде занашро се талоқ диҳад, оё метавонад ӯро боз аз нав дар никоҳи худ дарорад? Маълумоти муфассалтар медодед, бисёр шод мешавем. Аллоҳ нигаҳбонатон.

Саволдиҳанда:Иззатулло.

Ҷавоб:

Агар марде зани худро се талоқ дод, аз нигоҳи чор мазҳаб се талоқ ҳисоб мешавад. Дар китоби “Ал-фиқҳу алал-мазоҳибил-арбаъа” чунин омадааст: “Воқеъ шудани се талоқ бо як лафз аз ҷумлаи масоиле аст, ки дар аҳди халифаҳои рошид саҳоба бар он иҷмоъ кардаанд. Дар масъалае, ки иҷмои уммат бар он сиҳҳат ёфтааст, мутобиқи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ҳеҷ муҷтаҳиде дар ягон асру замоне наметавонад бар хилофи он фатво диҳад.

2015-08-29
4603
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43