Савол № 02048
Ҳангоми оғўш гирифтан ва бо шаҳват мисос кардани духтари бегона агар оби манӣ аз мард ҷорӣ шавад, оё бар ў ғусл воҷиб мешавад ё на?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ҳангоми оғўш гирифтан ва бо шаҳват мисос кардани духтари бегона агар оби манӣ аз мард ҷорӣ шавад, оё бар ў ғусл воҷиб мешавад ё на?
Саволдиҳанда: Муҳаммад
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муносибати номашруъ бо духтари бегона ҳаром ва гуноҳи азим аст, агар касе ба ин амал даст зад, бояд тавбаву истиғфор кунад. Хориҷ шудани манӣ дар ҳама ҳолат ғуслро воҷиб мегардонад.