Савол № 02059
Ман донишҷў ҳастам. Дарсҳои мо аз соати 12:00 оғоз шуда то соатҳои 17-18:00 давом мекунад. Аз ин сабаб намози пешину аср қазо мешавад. Мо чӣ кор бояд кунем?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман донишҷў ҳастам. Дарсҳои мо аз соати 12:00 оғоз шуда то соатҳои 17-18:00 давом мекунад. Аз ин сабаб намози пешину аср қазо мешавад. Мо чӣ кор бояд кунем?
Саволдиҳанда: Ҳасан
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед намози пешинро соати 12:35 дақиқа гузоред ва ба донишгоҳ равед. Кўшиш кунед, ки намози асрро дар фосилаи миёни дарсҳо бигузоред, агар муяссар нашуд, пас аз анҷоми дарс намозро ба нияти қазо бихонед.