Савол № 02064
1 Лутфан барои ман шаклу симои зоҳирии Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро шарҳ медодед. 2. Дар хоб дидани шамшер чӣ таъвил дорад?
Савол:
Ассалому алайкум. 1 Лутфан барои ман шаклу симои зоҳирии Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро шарҳ медодед. 2. Дар хоб дидани шамшер чӣ таъвил дорад? Аз Шумо сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Иброҳим
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, Умми Маъбади Хузоъӣ Расули Худо (с)-ро, ки дар аснои муҳоҷират аз Макка ба Мадина аз канораи хаймаи ў гузаштанд, барои шавҳараш чунин тавсиф кардааст: «Зебоияш чашмгир буд, симояш нуронӣ ва чеҳрааш дурахшанда, марде хушахлоқ ва некўсират буд. Ҷисмашро бузургии шикам ё бузургии сар айбнок нагардонида буд. Кўчакии сар низ баданашро номутаносиб накарда буд. Хушандом ва хушрўй буд. Чашмоне сиёҳ ва мижгоне баланд дошт. Садое гарм ва гардане афрошта дошт. Чашмоне гиро ва сурмакашида, абрўвоне монанди камон дошт, ки дар айни ҳол ба ҳам пайваста буданд. Гесўвонаш сиёҳфом буд. Вақте сукут мекард, виқораш дучандон мешуд ва чун лаб ба сухан боз мекард, оростагӣ ва ҳайбаташ афзун мегардид. Аз дур зеботарин ва хушсимотарин мардум ба назар меомад ва аз наздик некўтарин ва ширинтарин мардум ҷилва мекард. Гуфтораш ширину дилчасп буд. Ба андоза сухан мегуфт, на каму на зиёд ва чунон буд, ки гўйӣ гуфтораш риштаҳои марвориду гавҳар буданд, ки сарозер мешуданд. Миёнаболо буд, на кўтоҳии қаддаш андоми ўро аз нигаристан бозмедошт ва на баландии қоматаш қадду болои ўро аз дилангезӣ меандохт. Шохае сабзу пуртароват буд, ки агар дар миёни ҳар ду шохаи дигаре қарор мегирифт, аз ҳар се мутаносибтар ва аз ҳар се некўманзартар буд. Ҳамроҳоне дошт, ки перомунаш ҳалқа зада буданд. Ҳар гоҳ сухане мегуфт, ба суханаш гўши ҷон месупурданд ва ҳар гоҳ фармоне медод, аз ҷону дил фармонашро мебурданд. Ҳама гўш ба фармон ва ҳамагон пайваста толиби дидораш буданд ва ҳамвора перомунаш гирд меомаданд. Ҳеҷ гоҳ чеҳра дарҳам намекашид ва ҳаргиз касеро таҳқир намекард ва кўчак намешумурд». 2. Дидани шамшер дар хоб ба фарзанди писар ё ноил шудан ба мақоме далолат мекунад.