Савол № 02065

Ман бо ҳамсарам ҷанҷоли сахт кардем ва якдигарро дашному ҳақорати даҳон кардем. Никоҳи мо чӣ мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои меҳрубон. Ман бо ҳамсарам ҷанҷоли сахт кардем ва якдигарро дашному ҳақорати даҳон кардем. Никоҳи мо чӣ мешавад?

Саволдиҳанда: Сафаралӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, инсон ба сабаби дашному ҳақорат додан сахт гунаҳгор мешавад, вале дар никоҳи ў халале ворид намегардад, аз ин рў, никоҳи шумо дуруст ва побарҷост. Набояд фаромўш кард, ки зиндагии занушавҳарӣ бояд дар асоси меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат сурат гирад ва мушкилоти пешомада бо нармӣ ва равиши солим ҳаллу фасл гардад, на бо ҷанҷолу озори якдигар. Муноқишаҳои оилавӣ дар рўҳияи фарзандон таъсири манфӣ мегузорад ва ба аҳли хонавода нокомӣ ва бебаракатӣ меорад. Аз ин рў, бояд аз ақли солим кор бигиред ва барои саодати оила саъйу талош кунед, иншоаллоҳ комёб ва хушбахт мешавед.

2019-04-09
3147
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38