Савол № 02074

Зане соҳиби тифл шуда наметавонад, зани дигаре тифлашро ба ў медиҳад. Оё дар ҳолат модари тифл гунаҳгор мешавад ё ки зани тифлгирифта?

Савол:

Ассалому алайкум. Зане соҳиби тифл шуда наметавонад, зани дигаре тифлашро ба ў медиҳад. Оё дар ҳолат модари тифл гунаҳгор мешавад ё ки зани тифлгирифта?

Саволдиҳанда: Муқим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, додани тифл ба зани дигаре барои тарбия кардан ва парвариши ў дуруст аст, аммо додани тифл ба зани дигаре ва ўро соҳиб ё модари он тифл қарор додан ҷоиз нест, зеро дар ин ҳолат насаби тифл барои ин зан собит намешавад ва ин тифл пас аз синни балоғат ва огоҳӣ ёфтани ў аз асли моҷаро зарбаи шадиди рўҳию равонӣ мебинад. Фарзанд неъмати Худованд аст, ба касе бихоҳад, ато мекунад, ба баъзе касон, ки нахоҳад, намедиҳад ва дар ин надодани фарзанд ҳикматҳое вуҷуд дорад. Аз ин рў, набояд ғамгин шуд, балки дуо бояд кард.

2019-04-09
3024
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39