Савол № 00208

Оиди тарз ва вақти хондани намози таҳаҷҷуд посух диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оиди тарз ва вақти хондани намози таҳаҷҷуд посух диҳед. Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда:Хохари ахли Ислом

Ҷавоб:

Таҳаҷҷуд ба маънои аз хоб бархостан аст. Яъне баъди намози хуфтан мехобад, сипас дар дили шаб аз хоб бархоста, баъди таҳорат аз 4 ракъат то 12 ракъат намоз мегузорад. Намози таҳаҷҷудро нафл ният карда, мисли намозҳои маъмулӣ мегузорад, хоҳ 2-ракъатӣ ният кунад, хоҳ 4-ракъатӣ, аммо 2-ракъатӣ авло мебошад. 

2015-08-31
7441
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:16
Пешин12:40
Аср15:21
Шом17:28
Хуфтан18:58