Савол № 02083
Ҳамсарам фарзанд таваллуд кард ва ҳанўз чил рўз аз он сипарӣ нашудааст, оё ҳамбистарӣ бо ў ҷоиз аст?
Савол:
Ҳамсарам фарзанд таваллуд кард ва ҳанўз чил рўз аз он сипарӣ нашудааст, оё ҳамбистарӣ бо ў ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Оятулло
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар сурати таваллуди фарзанди нахустин эҳтимол аст, ки хуни нифос то чил рўз идома ёбад, аз ин рў, худдорӣ аз ҳамбистарӣ дар ин муддат лозим аст. Дар сурати таваллуди фарзанди дуюм ё сеюм одати зан эътибор дорад, агар хуни нифос бо гузаштани муддати одати зан қатъ шуд, ҳамбистарӣ бо ў ҷоиз аст.