Савол № 02094

Агар касе пас аз кори ҷисмонӣ оббозӣ кунад, пас аз он таҳорат ҳам карданаш лозим аст? Ҳазрати Пайғамбар (с) дар хурдсолияшон медонистанд, ки дар оянда пайғамбар мешаванд?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Агар касе пас аз кори ҷисмонӣ оббозӣ кунад, пас аз он таҳорат ҳам карданаш лозим аст? 2. Ҳазрати Пайғамбар (с) дар хурдсолияшон медонистанд, ки дар оянда пайғамбар мешаванд? 3. Қалби Пайғамбар (с)-ро дар чансолагияшон пок карданд ва кадом фаришта ин амалро иҷро кард?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, пас аз ғусл вузў кардан лозим нест, бо ҳамон ғусли анҷомдода метавонед ибодати худро ба ҷо оред, вале суннат ин аст, ки пеш аз ғусл вузў карда шавад. 2. Ҳазрати Пайғамбар (с) муддати шаш моҳ пеш аз пайғамбарияшон хобҳои содиқона медиданд ва ин хобҳо рост мебаромаданд. Вақте ба синни чилсолагӣ расиданд, ҳазрати Ҷабраил (а) ба ў башорати пайғамбарӣ доданд. 3. Ҳангоме ки Пайғамбар (с) дар қабилаи Банӣ Саъд қарор доштанд, ҳазрати Ҷабраил (а) ва Микоил (а) қалби ўро шикофта, бо оби Замзам шустанд. Дар ин вақт он Ҳазрат (с) тахминан чорсола буданд.   

2019-05-11
2693
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39