Савол № 00210

Оё рафтани зан ба қабристон ва хондани фотиҳа дар қабр ҷоиз аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё рафтани зан ба қабристон ва хондани фотиҳа дар қабр ҷоиз аст ё на? Ташаккур!

Ҷавоб:

Рафтани занҳо ба қабристон аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳараш иҷозат гирад, сатри шаръиро риоя кунад ва аз нолаву фиғону мӯй кандан худдорӣ карда шавад. Албатта дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст.

2015-10-08
4550
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:35
Шом17:33
Хуфтан19:03