Савол № 02104

Шахсе, ки дар никоҳ аст, агар зино кунад, никоҳаш бурида мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Шахсе, ки дар никоҳ аст, агар зино кунад, никоҳаш бурида мешавад?

Саволдиҳанда: Сорбон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар зиноро ҳалол шуморад, наъузу биллоҳ, никоҳаш қатъ мегардад ва агар зиноро кори ҳаром эътиқод кунад, вале ба пайравӣ аз ҳавои нафсу васвасаи шайтон онро анҷом диҳад, никоҳаш қатъ намешавад, аммо гунаҳгори азим ва рўсиёҳи дунёву охират шуда, баракат аз касбу рўзӣ ва умру хонадонаш бардошта мешавад.

2019-05-11
3445
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38