Савол № 02109
Чил фариза дар Ислом кадомҳоянд?
Савол:
Чил фариза дар Ислом кадомҳоянд?
Саволдиҳанда: Муҳаммадсаид
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, ҳамаи ин фаризаҳо дар шеъри зайл ворид шудаанд:
Эй бародар, аз масоил чил фариза ёд дор,
То биҳишти адн ёбӣ андар он рўзи шумор.
Ҳафт имон, панҷ ислому ду шаш андар намоз,
Се ба ғуслу дар вузўву дар таяммум чор чор.
Дуи дигар амри маъруф асту наҳйи мункар аст,
Баъд аз он ҳайзу нифосу илм, эй садри кибор.