Савол № 00211
Агар марде занашро як талоқ кунад ва боз гирад, боз як талоқ кунад ва гирад, боз як талоқ кунаду гирад, дар бори сеюм зан ҳомила бошад ва се то бача ба дунё биёрад, оё ин мард метавонад, ки занашро гирад?
Савол:

Ҷавоб:
Дар масъалаи мазкур ҳамсари ин мард се талоқ шуда, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ бо ин зан никоҳ карда наметавонад. Агарчи ин зан ҳомила бошад ё писар таваллуд кунад, боз ҳам никоҳи ин марду зан ҷоиз нест, чунки дар сурати мазкур ҳамсараш се талоқ шудааст.