Савол № 02112

Оё дар намози шом тасбеҳ ва дуо дар ҳаққи гузаштагон вуҷуд дорад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Оё дар намози шом тасбеҳ ва дуо дар ҳаққи гузаштагон вуҷуд дорад? 2. Мегўянд, ки намоз нахуст сураҳои дароз ва сипас сураҳои кўтоҳ хонда мешавад. Масалан, дар ракъати аввал сураи “Таббат”, дар дуюм сураи “Ихлос”, дар сеюм “Фалақ” ва дар ракъати чорум сураи “Нос” бояд хонда шавад. Оё ин рост аст?

Саволдиҳанда: Бунафша

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, пас аз ҳар як намоз тасбеҳ хондан ва дуо кардан мустаҳаб аст. Азбаски пас аз намози шом намозҳои нофила гузорида мешавад, ғолибан ба як дуо иктифо мекунанд. 2. Тартиби хондани сураҳо дар намозҳо бояд аз боло ба поён бошад ва ҳар сурае, ки хонда шавад, дуруст аст, лекин баръакс хондан, яъне дар ракъати аввал сураи “Ихлос” ва дар дуюм сураи “Таббат” хондан макрўҳ аст.

2019-05-16
4117
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38