Савол № 02116
Ман дар ғарибӣ ҳастам, дар ҳолати ғазаб бо телефон ба ҳамсарам гуфтам, ки “сарамро вайрон накун, ки сарат медиҳам”. Номи талоқ ва адади онро ба забон нагирифтаам. Нияти ман тарсонидани ҳамсарам буд. Оё талоқ воқеъ шудааст?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар ғарибӣ ҳастам, дар ҳолати ғазаб бо телефон ба ҳамсарам гуфтам, ки “сарамро вайрон накун, ки сарат медиҳам”. Номи талоқ ва адади онро ба забон нагирифтаам. Нияти ман тарсонидани ҳамсарам буд. Оё талоқ воқеъ шудааст?
Саволдиҳанда: Насимҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳамсари шумо талоқ нашудааст, зеро сухани шумо ба замони оянда нисбат дорад.