Савол № 02122

Намози пешинро дар соати 11:00 хондан барои донишҷўён ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Намози пешинро дар соати 11:00 хондан барои донишҷўён ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Суннатулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар намоз вақти муайян дорад, ки бояд дар он гузорида шавад. Вақти намози пешин пас аз заволи офтоб, яъне тақрибан соати 12: 30 дақиқа оғоз меёбад, аз ин рў, қабл аз ин вақт хондани намози пешин ҷоиз нест.

2019-05-21
4241
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:28
Пешин12:40
Аср18:00
Шом19:59
Хуфтан21:29