Савол № 02128

Барои халос шудан аз мушкил кадом дуо хонда мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Барои халос шудан аз мушкил кадом дуо хонда мешавад?

Саволдиҳанда: Оиша

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, аз Абўбакра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Дуое, ки шахси парешонҳол онро бояд бихонад, ин аст:

" اللَّهُمَّ رَحْمَتَكَ أَرْجُو؛ فَلاَ تَكِلْنِى إِلَى نَفْسِى طَرْفَةَ عَيْنٍن وَأَصْلِحْ لِى شَأْنِى كُلَّهُ، لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ " .

Аллоҳумма раҳматака арҷў фало такилнӣ ило нафсӣ тарфата ъайнин ва аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу ло илоҳа илла Анта.

Яъне: Худовандо! Раҳмататро умед дорам, пас миқдори як чашм ба ҳам задан ҳам маро ба ҳоли худ нагузор ва тамоми корҳоямро ислоҳ кун, нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Ту.

Барои осоншавии ҳар гуна душворӣ дуои зайл низ аз Паёмбар (с) ривоят шудааст:

  • اللَّهُمَّ لا سَهْلَ إِلا مَا جَعَلْتَهُ سَهْلا، وَأَنْتَ تَجْعَلُ الْحَزَنَ إِذَا شِئْتَ سَهْلا " .

Аллоҳумма ло саҳла илло мо ҷаъалтаҳу саҳлан ва Анта таҷъалу-л- ҳазана изо шиъта саҳлан.

Яъне: Худовандо! Ҳеҷ осоние нест, магар он, ки Ту осонаш гардонӣ ва Ту ҳар гоҳ, ки хоҳӣғаму парешониро осон мегардонӣ.

2019-05-21
3373
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39