Савол № 00213

Баровардани боди шикам дар ҷойи ҷамъиятӣ аз назари дини Ислом мумкин аст ё ин ки гуноҳ аст?

Савол:

Баровардани боди шикам дар ҷойи ҷамъиятӣ аз назари дини Ислом мумкин аст ё ин ки гуноҳ аст? Ягон намуд маълумоти динӣ дар ин масъала ҳаст?

Саволдиҳанда: Акбар

Ҷавоб:

Албатта ҳар навъи азият чи бар шахсе бошад ё бар ҷамоате, ҳаром буда, аз назари Ислом мазмум ва мамнуъ мебошад. Уламо зикр кардан бо овози баландро дар ҷойи ҷамъиятӣ ҷоиз намедонанд, чи бирасад ба дигар амалҳое, ки худ мазмум ва нописандида ҳастанд. Чунончи дар ҳадиси шариф аз хӯрдани сир ва пиёз манъ шудааст, чунки бӯи бади он боиси нороҳатии дигарон мегардад. 

2015-10-09
4098
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38