Савол № 02135
Ассалому алайкум. Аз маблағи 25000 сомонӣ дар соли 2019 чӣ миқдор закот додан лозим аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Аз маблағи 25000 сомонӣ дар соли 2019 чӣ миқдор закот додан лозим аст?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, мутобиқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот ба 20000 сомонӣ баробар аст, ки аз он ба андозаи 500 сомонӣ закот пардохта мешавад. Бинобар ин, аз маблағи 25000 сомонӣ ба миқдори 625 сомонӣ закот додан лозим аст.