Савол № 02156
Аз чи сабаб бошад, ки баъзе вақт ба корҳои ношоиста даст мезанам, вақте бо духтаре гуфтугў мекунам, зуд ҳаром мешавам.
Савол:
Ассалому алайкум. Аз чи сабаб бошад, ки баъзе вақт ба корҳои ношоиста даст мезанам, вақте бо духтаре гуфтугў мекунам, зуд ҳаром мешавам. Барои ман тавсияи Шумо лозим аст.
Саволдиҳанда: Мирзо
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо аз ин гуна корҳои ношоиста худдорӣ кунед, зеро чунин амалҳо дар оянда ба зиндагии шумо таъсири манфӣ мерасонад, бахусус ҷанбаи ахлоқии шуморо фосид мекунад. Бояд бо афроди нек ва бомаърифат бисёртар ҳамнишин шавед ва зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр гўед, иншоаллоҳ ахлоқу рафторатон ислоҳ хоҳад шуд.