Савол № 02166

Оё бо мисвок тоза кардани дандон рўзаро макрўҳ ё нуқсондор мегардонад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё бо мисвок тоза кардани дандон рўзаро макрўҳ ё нуқсондор мегардонад?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати рўза тоза кардани дандон бо мисвоки табиъӣ ҷоиз аст ва ба рўза нуқсоне ворид намекунад, агарчи талхии он маълум шавад, вале оби онро фурў набарад. Аммо шустани дандон бо мисвоки маснуъӣ макрўҳ аст, агар аз хамираи он чизе ба ҳалқ фурў равад, рўза фосид ва қазо лозим мешавад.

2019-06-01
2588
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39