Савол № 02171

Закотро барои бемор ё барои дандон мондан сарф кардан мумкин аст? Агар мумкин бошад, дар ин кор чӣ гуна бояд сарф карда шавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Закотро барои бемор ё барои дандон мондан сарф кардан мумкин аст? Агар мумкин бошад, дар ин кор  чӣ гуна бояд сарф карда шавад?

Саволдиҳанда: Собир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пардохти маблағи закот дар муолиҷаи бемор ё табобати дандон дуруст аст, ба шарте ки шахси бемор ё он касе, ки дандонашро муолиҷа мекунад, масрифи закот, яъне фақиру мискин ё шахси қарздору бенаво бошад. Агар аз ҷумлаи волидон ё фарзандони закотдиҳанда бошад, пардохти закот барои ў ҷоиз намешавад.

2019-06-03
3490
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:32
Пешин12:40
Аср16:22
Шом18:21
Хуфтан19:51